Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Author: Абдушшариф Боқизода
Хонандаи азиз, он чӣ пеши рў доред, матолиби бисёр муҳим ва зарурӣ барои фароҳам сохтани зиндагии хонаводагии босаъодати ҳар мусалмон аст, ки донишманди маъруф Одил Фатҳӣ Абдуллоҳ ҷамъоварӣ намуда, ба риштаи таҳрир кашидааст. Агар ба ин нукот таваҷҷўҳ карда ва ба онҳо амал намоӣ, иншоаллоҳ, дар дину дунё муваффақ хоҳӣ шуд.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин китоб, ки бо унвони «Сеҳрайн» маъруф аст, ҷилди дуюми китоби «Шайхайн» (Таърихи хулафои рошидин: Абубакр (р) ва Умар (р)) буда, роҷеъ ба зиндагӣ, футуҳот ва шаҳодати ду халифаи рошид, домодҳои паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с): Усмон (р) ва Алӣ (р) маълумот медиҳад ва барои доираи васеъи хонандагон пешкаш карда мешавад.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Муаллиф мегуяд: Ман дар ҳақиқат перомуни шиъаёни аҳли байт чизе намедонистам магар ин, ки онҳо гуруҳе аз мусалмононад, ки дар муҳаббати аҳли байти Пайғамбари Худо ғулув (аз ҳад гузаронидан) ва зиёдаравӣ мекунанд ва онҳоро нусрат медиҳан, ва низ аҳли суннат ва ҷамоатро дар баъзе масалаҳои ҷузъии шариат бо таъвилҳои дур ё наздик мухолифат мекунанд. Аз ин ру вақте, ки баъзе аз бародарон онҳоро фосиқ ва ё гоҳе аз доираи Ислом берун ҳукм мекарданд, банда аз ин кор хеле хашмгин ва нороҳат мешудам. Аммо ин кор дер давом накард, ки яке аз бародарон ба ман тавсия кард, ки ман яке аз китобҳои муътабари ин ҷамоатро мутолиъа кунам то ин, ки ҳукми дурустро дар бораи ин мазҳаб ба даст орам. Ва ман китоби "Ал-Кофи"- ро ихтиёр кардам зеро, ки ин китоб такягоҳи ин тоифа дар исботи мазҳабаш мебошад. Ман ин китобро мутолиъа кардам ва аз он ба як чанд ҳақоиқи илмие дастраси пайдо кардам, ки манро ба узр хостан аз он нафаре, ки шафқати маро ба ин тоифа хато меҳисобид, водор сохт ва дигар худамро аз он дидгоҳе ки қаблан нисбати ин мазҳаб доштам, маъзур донистам. Майлу хоҳишам маро аз он мудорое ки ба умеди аз байн бурдани баъзе аз тундравиҳое, ки байни аҳли суннат ва ин тоифа ба ислом нисбат дода шуда буд, боздошт. Инак ман он ҳақоиқеро, ки аз муҳимтарин ва маътабартарин китобҳои ин мазҳаб ба даст овардаам, мавриди баҳс қарор медиҳам. Аммо аз ҳар шиъа мехоҳам, ки дар атрофи ин ҳақиқатҳои илми бо ихлос ва инсоф андеша карда, худ ҳукми саҳиҳро дар бораи ин мазҳабаш бибарорад.
Author: أبو بكر جابر الجزائري
Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Дар ин китоб асосан, дар бораи ҳаёту фаъолияти даҳ саҳобаи гиромии Паёмбари акрам (с), ки бо номи «ашараи мубашшара» ё худ «даҳ ёри биҳиштӣ» маъруфанд, маълумот дода шудааст. Ва он саҳобагон: Абубакри Сиддиқ Умар ибни Хатоб Усмон ибни Аффон Али ибни Абитолиб Талҳа ибни Убайдуллоҳ Зубайр ибни Аввом Абдурраҳмон ибни Авф Саъд ибни Абуваққос Саъид ибни Зайд Абуубайда ибни Ҷарроҳ.
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин